Навиди Вазорат



Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон

.

Рӯзи 3 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Имрон Ҳайдар баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо вабаста ба ҷоннок намудани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои саҳои энергетика, ба таври лозима истифода намудани иқтидорҳои транзитии кишварҳо, рушди бахши хусусӣ ва фазои сармоягузорӣ, диверсификатсияи савдои хориҷӣ ва рушди сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён карданд.