Ба истифода додани майдончаи варзишӣ
Рӯзи 4 сентябри соли ҷорӣ дар арафи 28-умин солгарди "Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Деҳнаваки Болои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сохтмони майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур дар масоҳати 1800 метри мураббаъ сохта шуда, аз майдончаи бозии кӯдакон, майдончаи бозии волейбол, баскетбол ва футбол барои наврасон, 17 адад таҷҳизоти истироҳатӣ-варзишӣ, 16 адад курсӣ барои нишаст, соябон ва 4000 метри мураббаъ роҳравҳо иборат мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавӣ гардидани варзиш ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон чунин майдончаҳои варзишӣ бунёд гардида истодаанд.