Сафари корӣ вобаста ба таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
Рӯзи 6 сентябри соли ҷорӣ тибқи Рӯйхати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашнгирии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии бахшида ба 28 - умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ширкат варзиданд.
Дар идомаи сафари номбурда санаи 7 сентябри соли ҷорӣ маросими ифтитоҳи боз якчанд иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла як майдончаи варзишӣ ва коргоҳи макаронбарорӣ дар ҷамоати деҳоти Сайфиддинов Кабут, як майдончаи варзишӣ, клиникаи бойторӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва коргоҳи оҳангарӣ дар ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат ва чор синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №38 дар ҷамоати деҳоти Озодагон бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо сурат гирифт.
Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли далватӣ ва Рӯзи Дониш бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Панҷ 950 мизу курсӣ барои 1900 ҷойи нишаст, 36 тахтаи синфӣ, 20 адад ҷевони китобмонӣ ва 20 адад миз барои муаллимон тӯҳфа карда шуд. Ҳамзамон як синфхонаи компютерӣ бо тамоми таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла тахтаи электронӣ, проектор, 11 адад компютер ва 15 адад мизу курсӣ барои 30 ҷои нишаст дар МТМУ №21-и ноҳияи Панҷ ҷиҳозонида шуд.