Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндаи Палатаи лордҳои Британия Кабир
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндаи Палатаи лордҳои Британия Кабир Мухаммед Илтаф Шейх, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.
Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо доир ба таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, маориф, инчунин тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, танзими форумҳои тиҷоратӣ ва ғайраҳо мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.