Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Марокаш
Рӯзи 25 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Марокаш хонум Муния Буссета, ки ҷиҳати иштирок дар нахустин даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Марокаш ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, боло бурдани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби сармоя, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Марокаш ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.