Ифтитоҳи Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази ноҳия ифтитоҳ намуданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳраки Сомониён дар пояи баландии 45 метр қомат афрохта, паҳноии матои он 7 метр ва дарозиаш 14 метрро ташкил медиҳад.
Баландии пояи Нишони давлатӣ, ки дар шафати Парчам сохта шудааст, 22 метр мебошад.
Дар баробари сохтмони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гирду атрофи ин ду муқаддасоти миллӣ гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Атрофи иншоот чароғон ва ободу зебо карда шуда, фаввораҳо низ сохта шудааст, ки аз ин пас ҷойи сайру гашти сокинон ва меҳмонони ноҳия мешавад.
Бунёди рамзҳои давлатӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти муқаддасоти миллӣ сурат гирифтааст.
Лоиҳаи Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масулияти маҳдуди «Тоҷмаҳал-2010» таҳия гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоят доданд.
Дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ идома дорад. Бунёди парчаму нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия ва ба макони сайру гашти сокинон тадбил ёфтани ин мавзеъ туҳфаи арзишманд ба сокинони ноҳия ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ маҳсуб меёбад.