Навиди Вазорат



Забони давлатӣ дар пойдории давлати тоҷикон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва таъсисёбии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он меҳмонон - муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саодатшо Матробиён ва Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб иштирок доштанд.

Ҷамъомади тантанавиро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқи Амин ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба фарорасии ҷашни фархунда - Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамарашон баҳри пешрафти ҷомеа комёбиҳо таманно намуд.

Сипас, муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саодатшо Матробиён ҳозиринро ба фарорасии Рӯзи забони давлатӣ таҳният намуда, дар идомаи суханронӣ оид ба Ҷашни забони давлатӣ мухтасар шарҳ дод.

Дар ҷамъомад ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар мавриди мақому мартабаи забони тоҷикӣ, арҷгузорӣ ва тоза нигаҳ доштани он андешаҳояшонро баён намуда, ашъори тозаэҷодашонро дар васфи забони модарию Ватан ва ҷавонон пешкаши ҳозирин намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное