Навиди Вазорат



Cафари корӣ ба ноҳияи Панҷ

.

Санаи 12 октябри соли 2019 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёсиддин Камолиддинзода дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии нӯҳмоҳаи соли 2019 дар ноҳия Панҷи вилояти Хатлон иштирок намуданд.

 

Ҷаласаи мазкур бо иштироки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти марбута, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони ҷамоатҳову шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон баргузор гардида, дар он аз ҷониби роҳбарияти мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ҳисоботи ҷамъбастии вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар нӯҳ моҳи соли 2019 шунида шуд.

Сипас аз ҷониби Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар нӯҳ моҳи соли 2019 натиҷагирӣ карда шуд.

Ҳамзамон иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Панҷ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҷиҳати татбиқи саривақтии Нақшаи чорабиниҳои болозикр ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар интиҳои ҷаласа ба роҳбарони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар моҳи сентябри соли 2019 аз ҷониби роҳабарияти мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Пас аз ҷаласа роҳбарияти вазорат дар чорабинии фарҳангии ноҳия бахшида ба ҷашни Меҳргон иштирок ва баромад карда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ в дидан намуданд.