Баимзорасонии Шартномаи маблағгузории Барномаи "Солимии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ", марҳилаи VI
18 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо - Неъматулло Ҳикматуллозода ва Роҳбари Дафтари Бонки Олмонии Рушд (KfW) дуктур Андреас Шнайдер байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Олмонии Рушд маросими баимзорасонии Шартномаи маблағгузории Барномаи "Солимии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ" марҳилаи 6 баргузор гардид.
Маблағи умумии шартномаи мазкур 9,000,000 евроро ташкил менамояд, ки он барои сохтмон ва барқарорсозӣ, инчунин барои хариди таҷҳизоти тиббӣ ва ғайритиббии шуъбаҳои ғайриантологӣ ва таваллудхонаи Институти миллии тадқиқотии Тоҷикистон (TNII) дар Душанбе равона карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи баимзорасида дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016 – 2017 таҳия гардидааст.