Мулоқот бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии кишвар
17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти зарурӣ дар пойгоҳи таъминоти моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии кишвар мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони таъминоти ақибгоҳӣ ва молияи сохторҳои низомӣ ва Агентии таъминоти амволи махсус иштирок доштанд.
Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастоварду камбудиҳо дар ин самт ибрози ақида намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки шароити пуртазоди замони муосир тақозо менамояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ҳолати доимии омодабошии ҷангӣ қарор дошта бошанд. Аз ҳамин сабаб таъминоти сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бо силоҳу муҳимоти ҳозиразамон, сару либос, хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва дигар маводу маҳсулот аҳамияти хоса касб мекунад.
Ҳукумати мамлакат барои таъминоти моддии хизматчиёни ҳарбӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, тасмим дорад, ки дар ин самт минбаъд низ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ созад. Ҳамасола аз буҷети давлат ба ин мақсад маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шуда, таъминот бо сару либос ва хӯрокворӣ беҳтар гашта истодааст. Ҳамзамон барои беҳтар намудани шароити хизмат инфрасохтори зарурӣ сохта ва истифода супорида мешаванд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд, ки ақибгоҳ сохтори муҳими Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб рафта, сари вақт таъмин кардани қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ бо маводи ғизоӣ, амволи шайъӣ, сӯзишворӣ ва техникаву таҷҳизот вазифаи асосии он ба шумор меравад. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани кор дар ин ниҳод имрӯз сатҳи таъминнокии Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гашта, барои сарбозону афсарон шароити мусоиди хизмат фароҳам оварда шудааст.
Барои таъмин кардани сарбозону афсарон бо сару либос ва пойафзоли худӣ дар назди вазорати мудофиа ва Агентии таъминоти амволи махсус корхонаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ фаъолият менамоянд, ки барои бо ҷои кор таъмин намудани аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ ва қонеъ намудани талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ мусоидат мекунанд.
Инчунин ҷиҳати бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани ҷузъу томҳои низомӣ хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шудааст, ки онҳо барои бо сабзавоту мева ва гушту шир таъмин намудани хизматчиёни ҳарбӣ нақши муҳим доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои низомӣ барои ташкили коргоҳҳо миннатдории худро баён карда, боз ҳам тақвият бахшидани корҳоро дар ин самт тақозо намуданд.
Дар охир, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро ба камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта, аз ҷумла, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, беҳсозии шароити нигоҳдории молу маҳсулот, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ ва коррупсионидошта ҷалб намуда, ҷиҳати бартарафсозии онҳо ва беҳтар кардани таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ дастурҳои мушаххас доданд.
http://www.president.tj/node/21659