Навиди Вазорат



Мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Олег Петров ва Заррина Абдулалиева баргузор гардид.

Ҳадаф аз ташрифи ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ин мубодилаи афкор пиромуни татбиқи лоиҳаи Digital CASA Tajikistan, ки барои рушди савдои минтақавӣ ва ҳамгироӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ бо роҳи ҷорӣ намудани асосҳои рақамӣ равона шудааст, мебошад.

Дар рафти вохӯрӣ вобаста ба Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он бо иштироки мутахассисони сатҳи байналмилалӣ таҳия намудани Барномаи миллии иқтисодиёти рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт.

Тарафҳо омодагии худро дар анҷоми мулоқот ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои қайдгардида баён доштанд.