Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба МОИ
Имрӯз бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар якҷоягӣ бо Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ҳамчунин бахши хусусӣ ширкат варзиданд.
Ҷаласаро бо суханони муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва Роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ҷаноби Маркус Мюллер ифтитоҳ намудаанд ва баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа таҳти раёсати муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ҷараён гирифт.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла, корҳои анҷомдода вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамоҳангсоз, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» дар соли 2013 нақшаҳои кор барои соли 2014, ҳисобот оид ба таҳияи Консепсияи рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумот дар бораи Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Иқтидори сармоягузории ВМБК», ки дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид ва пешниҳодоти иштирокчиёни ин чорабинӣ ва нақшаҳои кори Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 40 субъект, аз ҷумла дар МОИ «Суғд»- 24, дар МОИ «Панҷ» ва «Данғара» - 8-тогӣ субъектҳо фаъолият доранд, ки аз онҳо 10 субъект танҳо дар соли 2013 ба қайд гирифта шудааст.
Мутобиқи нақшаҳои тиҷоратии субъектҳои мазкур дар назар аст, ки ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ бештар аз 500 млн. сомонӣ сармоягузорӣ карда шавад, айни замон бошад зиёда аз 33 млн. сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст. Сармоягузорӣ асосан аз ҷониби Туркия, Хитой, Россия, Эрон, Лаҳистон, Афғонистон ва Тоҷикистон сурат гирифтааст. Боиси тазаккур аст, ки агар дар соли 2012 аз ҷониби субъектҳои амалкунандаи МОИ маҳсулоти саноатӣ ба маблағи бештар аз 19 млн. сомонӣ истеҳсол шуда бошад, пас дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 27,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Имрӯз дар субъектҳои МОИ бештар аз 400 ҷойҳои нави корӣ ташкил гардида, тибқи нақшаҳои тиҷоратӣ бунёди бештар аз 2000 ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ мегардад.