Навиди Вазорат



Мулоқот бо вакилони Парлумони Аврупо

.

1 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумони Аврупо, масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳимми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номида, аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятиро аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида, нақши фаъолияти пайвастаи Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ ва сиғаи нисбатан нави он - Зеркумитаи рушди ҳамкорӣ, муколамаҳои сиёсию амниятӣ ва ҳуқуқи инсонро назаррас арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, робитаҳояшро бо Парлумони Аврупо дар масъалаҳои такмили парламентаризм, волоияти қонун, соҳаҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон, бахши маориф ва дигар масъалаҳои мавриди назар минбаъд ҳам густариш диҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ва Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои давраи то соли 2020 аҳаммияти хосса зоҳир карданд. Татбиқи амалии Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор” ва  “Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ” барои минтақа муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ, пурзур кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон баррасӣ гардида, идомаи ҳамкорӣ бо барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шумурда шуд.

http://www.president.tj/node/21729#mastchoh