Навиди Вазорат



Мулоқот бо ҳайати Олмон

.

 

 

 

 

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Муовини якуми Вазир Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати намояндагони Ҳукумати Федеративии Олмон баргузор гардид.

 

Мулоқот дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифта, масоили мубрами ҳамкории дуҷониба ва роҳҳои густариши онҳо барои рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат баррасӣ шуданд.

Қайд бояд намуд, ки яке аз натиҷаҳои муваффақонаи гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ - ин ба имзо расидани Созишномаҳои ҳамкории молиявӣ ва техникӣ дар бораи ҷудо кардани маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба мебошад. Аз ҷумла, дар ҷараёни вохӯрӣ барои амалисозии Неругоҳи барқи обии «Себзор» Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар ҳаҷми 17 миллион евро маблағҳои грантӣ сухан рафт.

Дар доираи машваратҳои байниҳукуматӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо тасдиқ карданд, ки барномаҳои самти асосии ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба паст кардани сатҳи фавти модарону кӯдакон ва мубориза бо бемориҳои сирояткунанда дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ба мувофиқа расида шуд, ки гуфтушунидҳои навбатии байниҳукуматӣ соли 2020 дар Берлин баргузор карда шаванд.