Навиди Вазорат



Мулоқот бо Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг

.

5 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат ва дигар корхонаҳои бонуфузи Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки аз муҳимтарин соҳаҳои равобити дуҷониб ба ҳисоб меравад, изҳори қаноатмандӣ карда, шарикии самараноки ширкати “Гленкор”-и Швейтсария бо “ТАЛКО”-и Тоҷикистонро дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкорӣ номиданд. Мавриди зикр аст, ки тайи 12 соли охир ТАЛКО ва Гленкор дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 4,7 миллиард доллари амрикоӣ амалиётҳои тиҷоратиро ба анҷом расониданд. Дар назар аст, ки дар давоми 5 соли оянда ин ду ширкат, тибқи қарордодҳои баимзорасида, дар маблағи якуним миллиард доллари амрикоии дигар ҳамкории тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ хоҳанд кард.

Таъкид гардид, ки бо дарназардошти имконоти мавҷудаи Тоҷикистон ва иқтидори “Гленкор” ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба дарёфти роҳҳои нави тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо ҷониби Швейтсария, аз ҷумла бо ширкати “Гленкор” дар соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама дар татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурма ва синк табодули андеша карданд.  

Истифодаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва дигар соҳаҳои истеҳсолии иқтисоди миллӣ, татбиқи Барномаи таҷдиди иқтидорҳои ширкати “Талко” ва саҳмгузории ширкати мазкур дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии иқтисоди кишвар, зарур шумурда шуд.

http://www.president.tj/node/21750