Маросими оғози давраи пилотии ҷорисозии Равзанаи ягонаи барасмиётдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз 8 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе давраи пилотии Равзанаи ягонаи барасмиётдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок доштанд.
Чорабиниро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти давлатӣ муваззаф шудаанд, ки ҷиҳати суръат бахшидани раванди ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар чорабини Муовини якуми Вазири рушди иқитсод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин сухан намуда, зикр кард, ки Равзанаи ягона барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соддагардонии савдо, кам намудани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ ва даромади иловагӣ ба буҷет нақши муҳим хоҳад бозид.
Инчунин дар муҳокимаҳои чорабинии қайдгардида намояндагони бахши хусусӣ, Бонки Осиёии Рушд иштирок ва суханронӣ карда, намояндагони ширкатҳои пудратӣ бо рӯнамо ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №659 “Консепсияи ташаккули Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 3 майи соли 2010, №222 “Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардиданд.
Инчунин бо мақсади ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти босамари низоми Равзанаи ягона бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри 2010, №630 дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази Равзанаи ягона” таъсис ёфт, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Дар ин давра, аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Хадамоти гумрук якҷо бо маркази мазкур ҷиҳати самаранок ва натиҷабахш амалӣ намудани консепсия ва барномаи қайдгардидакорҳои судманд ба анҷом расонида шуданд, ки оғози давраи пилотии ҷорисозии Равзанаи ягона тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад.