Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо дар конфронси вазирони Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ҲМИОМ)
Рӯзи 14 ноябри соли 2019 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода дар конфронси вазирони Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ҲМИОМ), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур ҳамчун платформаи минтақавӣ шароити мусоид барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни давлатҳои азъои Барномаи мазкур ва баррасии масъалаҳои муҳими сатҳи минтақавӣ фароҳам меоварад.