Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Латвия
Имрӯз 20 ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Тоҷикистон (қароргоҳаш дар ш. Тошканд) ҷаноби Михаилс Попковс сурат гирифт, ки дар рафти мулоқот ҳамкориҳои самарбахши иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Латвия матраҳ гардиданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо азми худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва маориф ва илм муҳим арзёбӣ намуда, инчунин омодагии худро ҷиҳати баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Латвия оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баён намуданд.