Навиди Вазорат



Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ вобаста ба таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025

.

Имрӯз 21 ноябри соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории зинаи дуюм вобаста ба таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки ҳамчун механизми татбиқи Страгетия миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030 маҳсуб меёбад, баргузор карда шуд.

Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо доир гардида, дар кори он аъзои Гурӯҳи корӣ - намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзиданд.