Навиди Вазорат



Мулоқоти бо Сафири навтаъйини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Бангладеш

.

Рӯзи 21 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири навтаъйини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, ҷаноби Эфем Гузал Азам Саркор баргузор гардид.

Ҳангоми мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо аз имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, атрофи вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҷалби сармоягузорӣ, рушди савдои хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ дар самти бахши хусусӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, нақлиёт, фармасевтика, сайёҳӣ ва ғайра табодули афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён карданд.