Ҷоизаи Бренди Сол-2013
Аз рӯи натиҷаи озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф», маросими супоридани ҷоизаи «Бренди сол 2013», санаи 12 декабри соли 2013 дар Меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» баргузор мегардад.
Дар чорабинӣ доираи васеи бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони ширкатҳо ва ташкилотҳо ширкат меварзанд. Ҳадафи асосии Озмун, ҳавасмандгардонии ширкатҳо оид ба истифодабарӣ ва пешбурди Бренди худ мебошад.
Иштирок ва ғолибият дар ин Озмун обрӯи ширкатро беҳтар намуда, ба ҷоизадорон имконияти ба даст овардани маъруфият ва эътирофро миёни истеъмолкунандагон ва рақибон дар ҷумҳурӣ ва берун аз он медиҳад.
Дар чорабинии зикршуда ситораҳои эстрадаи тоҷик Нигина Амонқулова, Таҳмина Ниёзова ва дигарон ширкат меварзанд. Зикр бояд намуд, ки тахминан 50 ширкат дар ин Озмун иштирок варзиданд.