Амалисозии Барноами ҳуҷҷатгузории рақамӣ дар ВРИС
Имрўз 26 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иќтисод ва савдо тањти роҳбарии муовини якуми Вазир, Завќизода Завќї Амин бо иштироки сардорони воњидњои сохтории вазорат ва намояндагони ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» зери роњбарии хонум Манижа Муњаммад ҷаласа перомуни ҷорӣ намудани Барномаи ҳуҷҷатгузории рақамӣ дар Вазорати рушди иќтисод ва савдо баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби намояндагони ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» тариқи рунамо лоиҳаи Барномаи ҳуҷҷатгузории рақамї дар вазорат муаррифї ва истифодабарии он баён карда шуд, ки аз љониби роњбарият ва иштирокчиён хуш пазирої гардид.
Дар фарљом мувофиќа шуд, ки љињати дар амал татбиќ кардани Барномаи мазкур дар Вазорати рушди иќтисод ва савдо љонибњо корњоро оѓоз менамоянд.