Мулоқот бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ
Рӯзи 26 ноябри соли ҷорӣ вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулрӯ Ҷабборзода бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ бо роҳбарии Чен Чонын О (иқтисодчии калон дар соҳаи нақлиёт), Пол Валлели (роҳбари Барнома) Сатья Прасад Саху (сармутахассис оид ба масъалахои содагардонии расмиёти савдо) баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла дастгирии татбиқи марҳилаи дуюми Барномаи беҳбуд бахшидани роҳҳои иртиботи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва омодасозии минбаъдаи марҳилаи чоруми барномаи мазкур баррасӣ гардиданд.
Дар охир тарафҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён намуданд.