Тоҷикистон барои истифода аз маблағҳои 3 лоиҳаи минтақавии дар шаҳри Нурсултон ифтитоҳ гардидаи Иттиҳоди Аврупо таклиф манзур намуд
Рӯзҳои 27-29 ноябри соли 2019 дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар кори Конференсия «Оид ба Густариши ҳамгироӣ ҷиҳати шукуфоии минтақавӣ дар ОсиёиМиёна», ки дар доираи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Миёна баргузор гардид, иштирок намуд.
Иттиҳоди Аврупо якҷо бо Ташкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд, Шӯрои Аврупо ва Маркази байналмилалии савдо оғози расмии 3 лоиҳаи навро оид ба соддагардонии савдо, сармоягузориву рушди иқтисодии фарогир ва волоияти қонун ба маблағи умумии 28 млн. евро эълон намуд.
Ҳайати Тоҷикистон дастовардҳои кишварро дар самтҳои таъмини устувории макроиқтисодӣ ва соддагардонии савдо муаррифӣ намуда, барои истифода аз маблағҳои лоиҳаҳои номбурда таклиф пешниҳод кард.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои аз байн бурдани монеаҳои техникӣ ва рушди савдо байни кишварҳои Осиёи Миёна дар сатҳи миллию минтақавӣ изҳор доштанд.
Баъзе ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар рунамои пешниҳодкардаи худ натиҷаҳои соддагардонии расмиёти савдои Тоҷикистонро ҳамчун таҷрибаи муваффақ баҳогузорӣ намуданд.