Навиди Вазорат



Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзҳои 26-28 ноябри соли ҷорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо, муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб сафар намуданд.

Дар ҳошияи сафари мазкур мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмии Ҷумҳурии Мисри Араб ҷаноби Холид Отиф Абдулғаффор сурат гирифт.

 

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи ҷараёни амалишавии Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти олӣ, тадқиқоти илмӣ ва робитаҳои ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар, табодули донишҷӯён ва табодули иттилоот вобаста ба таҷриба байни донишгоҳҳо, ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар ихтисосҳои тиббӣ, техникӣ, фанҳои дақиқ, технологияҳои информатсионӣ ва комуникатсионӣ, иштироки мутақобилаи ҳайатҳои омӯзгорон, профессорон, аспирантҳо ва донишҷӯён дар конфронсҳо, намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии ду кишвар ва ба таври мунтазам ташкил намудани давраҳои омӯзиши забони арабӣ барои донишҷӯён, коршиносон ва кормандони муассисаҳои давлатии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

 

Инчунин масъалаи густариши ҳамкорӣ байни доираҳои илмӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотии ду кишвар, аз ҷумла Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мисри Араб мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Дар поёни мулоқот тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ баён доштанд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное