Навиди Вазорат



Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ

.

Рӯзи 28 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо, муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода, ки Хамраиси қисми тиҷикистонии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ мебошанд, бо Вазири сармоягузорӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб, хонум Саҳар Наср, ки Ҳамраиси қисми мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ мебошад, баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни вазъи ҳамкориҳои дуҷониба, рафти амалишавии муқаррароти Протоколи ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ва роҳҳои вусъат бахшидани ҳамкории фарогир ва мутақобилан судманд байни ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Дар поёни мулоқот тарафҳо ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкорӣ баён намуданд.