Навиди Вазорат



Ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ

.

Рӯзи 28 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ бо иштироки Хамраиси қисми тиҷикистонии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода ва Ҳамраиси қисми мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, Вазири сармоягузорӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Саҳар Наср ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласаи мазкур масъалаҳои мухталиф ва гуногунсамти ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, электроэнергетика ва энергияи барқароршаванда, гумрук, тандурустӣ, фарҳанг, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқотҳои илмӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, ВАО, коммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, археология, муҳандисӣ ва санъати меъморӣ, ҳифзи муҳити зист, ҷавонон, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва ҳамкорӣ байни палатаҳои савдои ду кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар интиҳои маҷлис Протоколи ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, аз ҷумла Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест»-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи кулли сармоягузорӣ ва минтақаҳои озоди Миср «GAFI» дар бораи густариши муносибатҳои дуҷонибаи сармоягузорӣ, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Арабии Миср ба имзо расонида шуданд.

Ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ дар фазои якдигарфаҳми ва ҳусни тафоҳум ба кори худ анҷом дод.