Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо, Тоҷиддин Ҷӯразода бо Директори илмии Донишкадаи рушд ва ҳамкориҳои Ҷануб - Ҷануби Донишгоҳи Пекини Ҷумҳурии Ҳалқии Хитой доктор Фу Ҷун
4 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо, Тоҷиддин Ҷӯразода бо Директори илмии Донишкадаи рушд ва ҳамкориҳои Ҷануб - Ҷануби Донишгоҳи Пекини Ҷумҳурии Ҳалқии Хитой доктор Фу Ҷун баргузор гардид.
Ҳангоми мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо атрофи таҷрибаи Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба ислоҳоти иқтисодӣ, баланд бардоштани тахассуси кормандони сохтори давлатӣ ва табодули таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои омӯзишии ҳарду ҷониб мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои мазкур баён доштанд.