Навиди Вазорат



Ҷавобҳо ба саволҳо барои гузаронидани мусоҳиба бо муҳтарам Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶумҳурииТоҷикистон аз ҷониби хонум Шуҳрат Ориф, муовини сармуҳаррири Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (MENA)

.

 

1.Лутфан аҳамияти баргузор кардани ҷаласаи комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фанниро дар Қоҳира дар охири моҳи ноябр арзёбӣ мекардед? Дар ҷаласаҳои комиссияи муштарак кадом мавзӯъҳои асосӣ муҳокима хоҳанд шуд? Интизории шумо аз натиҷаи ин мулоқотҳо чӣ гуна аст?

 

1. Чи хеле ки шумо дар ҷараён ҳастед Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 4 феврали соли 2007 ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Арабии Миср боздид ба амал оварданд.

Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти рушди муносибатҳои дӯстона байни ду кишварро таъкид намуданд аз ҷумла изҳор доштанд, ки: «Таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Арабии Миср, ки яке аз гаҳвораҳои тамаддуни башарӣ ва ҳамзамон аз кишварҳои бонуфузи араб ва ҷаҳони ислом аст, аз самтҳои муҳими сиёсати минтақавию байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Қобили зикр аст, ки нахустин сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Арабии Миср марҳилаи сифатан нави ҳамкориро байни ду кишвар оғоз намуд. Зимни ин сафари пурбаракат панҷ созишнома ба имзо расид, ки онҳо соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ, энергетика ва фарҳангро дар бар мегиранд.

Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Мисрро 10 созишномаи ҳамкорӣ ташкил медиҳад.

Ба хотири татбиқи созишномаҳои баимзорасида Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ таъсис дода шуд ва ҳамраиси ҷониби тоҷикистонии он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср 23-27 январи соли 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҷониби мисриро дар кори ин ҷаласа собиқ Вазири ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср хонум Фоиза Абуннаҷо сарварӣ намуд.

Ҷаласаи мазкур баёнгари таваҷҷуҳи мутақобила ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия, технология, тандурустӣ, маориф, варзиш ва дигар соҳаҳо арзёбӣ мегардад.

Баргузории ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии муштараки иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ дар шаҳри Қоҳира 26-28 ноябри соли 2019 таъин гардидааст. Мо аз ҷаласаи дуюми Комиссия, ки дар гаҳвораи тамаддуни башарӣ шаҳри Қоҳира баргузор мегардад натиҷаҳои назаррасро интизорем. Итминон дорем, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар дар чорчуби мушаххас ва тавофуқшуда метавонанд зарфиятҳои мавҷудаи ду давлати дӯстро тавсеа дода, робитаҳои иқтисодии дуҷонибаро дар соҳаҳои ба ҳарду ҷониб муҳим беш аз пеш густариш диҳанд.

Миёни Тоҷикистон ва Миср самтҳои зиёди афзалиятноки ҳамкориҳо ва имконоти зиёди истифоданашуда вуҷуд доранд, аз ҷумла истеҳсоли доруворӣ, барқароркунӣ ва бунёди шабакаҳои обёрӣ, сохтмони корхонаҳои муштарак барои анҷом додани ҷустуҷӯҳои геологӣ ва азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданок, коркарди мева ва сабзавот, коркарди нахи пахта аз таҷрибаи мутахассисони мисрӣ ҷиҳати  баланд бардоштани сифат ва ҳаҷми истеҳсоли он ва дар ин замина бунёди корхонаҳои нассоҷӣ, коркард ва истеҳсоли чарм, саноати хӯрокворӣ, омӯзиши кадрҳо дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сайёҳӣ ва ғайра.       Ҳамзамон ба андешаи мо самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Арабии Миср - ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, нафту газ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи бонк, андоз, сармоягузорӣ ва муносибот дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф метавонад ба ҳисоб равад.

Мо бояд бо истифода аз ҳузури доираи васеи намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Арабии Миср ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибот оид ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон ва имкониятҳои он андешаронӣ кунем.

2.Лутфан дурнамои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Миср ва Тоҷикистонро равшан мекардед? Ба фикри Шумо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун чӣ кор кардан мумкин аст? Лутфан ба ман рақамҳои охиринро пешниҳод мекардед.

3.Дурнамои бунёди лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар кадом самтҳо мебинед ва кадом соҳаҳо мавриди таваҷҷӯҳи бештари ҷониби Тоҷикистон қарор дорад?

2 ва 3. Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчӯбаи стратегияи дарозмуҳлати рушди миллии худ барномаҳои калон ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.

Ин тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва нафту газ, коркарди нахи пахта ва алюминийи аввалия, бунёди инфрасохтори туризму иртибототу нақлиёт, истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ ба кишварҳои хориҷӣ барои кишвари мо хусусияти афзалиятнок доранд.

Мо ба соҳибкорони мисрӣ бояд нисбат ба мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва имкониятҳои фарохи иқтисодии он дар Осиёи Марказӣ ва минтақа баҳогузорӣ намоем то ки дар оянда бо истифода аз имкониятҳои истифоднашуда, лоиҳаҳои иқтисодию тиҷоратии гуногун таҳия ва ба нафъи ду кишвар татбиқ карда шаванд.

Ба андешаи мо мулоқотҳои мунтазами сатҳи олии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо барои тавсеа ва рушдиҳамкориҳо ва робитаҳои ҳасанаи байни кишварҳо заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд ва умед аст, ки ин муносибот оянда дар сатҳи матлуб ба роҳ монда мешавад.   Сармоягузорӣ дар бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт, лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии гуногун иқтидор ва нақшаҳои хурду бузурги инфрасохторӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ аз дурнамои неки ҳамкориҳо маънидод мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки иқдомҳои соҳибкорону сармоягузорони мисриро дар ин арса ва дар ҳамаи дигар самтҳои зикргардида омӯзад ва дар асоси судмандии мутақобила татбиқи онҳоро дастгирӣ намояд.

Мақсад аз чунин ниятҳо, қабл аз ҳама, вусъати тоза бахшидан ба муносибатҳои неки байни кишварҳоямон ба манзури таъмини зиндагии боз ҳам шоистаи мардумони кишварҳоямон мебошад.

4.Миср ҷонибдори гузаронидани форуми сармоягузорон ҷиҳати омӯзиши бештари ҳамкории муштарак аст. Лутфан ин мавзӯро бо тафсир шарҳ медодед.

4. Гузаронидани форумҳои сармоягузорони Тоҷикистону Мисрро боз як фурсати муносиб барои омӯзиш ва муаррифии бештару хубтари имкониятҳои воқеии ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар медонем.

Яке аз муҳимтарин соҳаҳои равобити Тоҷикистон ва Миср ин ҳамкорӣ баҳри рушд мебошад.

Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар ҷодаи бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ҳавасмандӣ зоҳир менамояд.

Дар ин соҳаҳо лоиҳаҳои сатҳашон милливу минтақавӣ омода шудаанд, ки татбиқи муштаракашон бар нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд.        Бо ин мақсад тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқи ҳамкориҳо, фаъолсозии муколамаи сиёсӣ, гузаронидани бизнес-форумҳо ва ҳар гуна намоишгоҳҳо, амиқсозии робитаҳои башарӣ амри зарурӣ арзёбӣ мегардад.

Айни ҳол Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди татбиқ қарор дорад, ки ҳадафҳои асосияш таъмини рушди босуботи Тоҷикистон мебошад.

Мо итминони комил дорем, ки дар доираи татбиқи ин санад метавонем ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судмандро густариш диҳем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.        Дар ин замина қонунгузории мамлакат дар соҳаи тиҷорату иқтисод ба меъёрҳои байналмилалӣ созгор гардонида шуда, дар он кафолатҳои ҳуқуқии ҳимояи сармоягузорон таъмин гардидаанд.

Ҷорӣ намудани низоми равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ бошад, муҳлати гузаронидани чунин амалиётро хеле кам кард.

Дар заминаи ислоҳоти номбаршуда Тоҷикистон дар солҳои охир мавқеи байналмилалии хешро аз лиҳози бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, дастрасӣ ба қарзҳо ва тиҷорати байналмилалӣ то андозае боло бурд.

Чунончӣ, дар рейтинги “Пешбурди Бизнес”-и Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон чор маротиба, аз ҷумла барои соли 2020 ба рӯйхати кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил гардид.

Дар баробари ин, тибқи таҳлилҳои омории Ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолиб барои сайёҳон шомил гардид.

Ин ва дигар нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки мавқеи байналмилалии Тоҷикистон аз нигоҳи дастгирии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тадриҷан баланд гардида истодааст.

Дар ҳудуди кишвари мо панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис ёфта, инфрасохтори зарурии онҳо бунёд гардида истодааст ва мо аз ҳузури соҳибкорону сармоягузорони мисрӣ дар онҳо истиқбол менамоем.

Тоҷикистон сарватҳои ғании табиӣ, аз ҷумла захираҳои об ва маъданҳои минераливу ғайриминералӣ, иқлими мусоид ва қувваи кории кофӣ дорад. Барои мавриди истифода қарор додани ин имкониятҳо сармоя ва технологияҳои муосир лозиманд.

Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои молия ва бонкдорӣҳавасманд аст ва соҳибкорону сармоягузорони Миср метавонанд фаъолияти худро дар ин арсаҳо низ ба роҳ монанд.

Пешниҳод менамоям, ки Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Миср таъсис дода шуда, ҷаласаи нахустини он баргузор карда шавад.      Фаъолияти мунтазами Шӯрои мазкур ба истифодаи имконоти пешбурди соҳибкориву сармоягузории ҳарду кишвар, такмили заминаҳои ҳуқуқии он, омӯзиши таҷрибаи ҳамкорӣ ва ҳалли дигар масоили алоқаманд мусоидат хоҳад кард.

5.Лутфан фазои сармоягузориро дар партави барномаи ислоҳоти Бунёди Байналмилалии Асъор (IMF), ки ҳукумати Миср қабул кардааст, арзёбӣ мекардед?

5. Тибқи маълумоти дастрасгардида пеш аз татбиқи барномаи ислоҳот, Миср сиёсати номувофиқи макроиқтисодиро пеш гирифт, ки то соли 2016 боиси ҷамъ шудани номувозинатии назаррас гардид. Зарари калони буҷет, сиёсати заифи пулию қарзӣ ва қурби устувори мубодила боиси кам шудани захираҳои асъорӣ, сатҳи баланди таваррум ва аз ҳад зиёди қарзи давлатӣ гардид. Рушд коҳиш ёфт ва бекорӣ, хусусан дар байни занон ва ҷавонон, афзоиш ёфт.

Ҳалли ин мушкилот, барқароркардани суботи макроиқтисодӣ ва пешгирӣ аз бӯҳрон афзалияти фаврии барнома буд. Масалан, гузариш ба қурби тағйирёбандаи асъор тавозунро дар бозори асъор барқарор намуда, норасоии асъорро рафъ кард. Ғайр аз он, ҳукумат нақшаи шадиди сесоларо барои коҳиш додани норасоии буҷет оғоз намуд, ки он зиёда аз 10 фоизи ММД буда, яке аз баландтарин дар минтақа буд. Инчунин сиёсати пулию қарзиро бо баланд бардоштани меъёри фоизӣ таҳким ёфт. Инҳо чораҳои муҳимми коҳиш додани қарзи давлатӣ нисбат ба ММД ва маҳдуд намудани таваррум буданд.

Барнома ба ҳадафи асосии худ – суботи макроиқтисодӣ, ки шарти ҷалби сармоягузорӣ, афзоиш ва ташкили ҷойҳои корӣ мебошад, расид. Нуқси ҳисоби амалиётҳои ҷорӣ коҳиш ёфт вазахираҳои асъорӣ дар сатҳи баланд қарор доранд. Афзоиш акнун аз 4 фоиз то 5,5 фоиз барқарор шуд ва дар соли оянда интизор меравад, ки 6 фоизро дар бар мегирад, дар ҳоле, ки бекорӣ аз 9 фоиз то сатҳи пасттарин дар даҳсоли охир коҳиш ёфтааст. Қарзи давлатӣ паст шудан гирифт ва таваррум мунтазам коҳиш меёфт, ки то соли оянда нишондиҳандаҳои устувор ба даст оварда шаванд. Ин барои ислоҳоти васеътар, аз қабили беҳтар намудани фазо ва иқлими соҳибкорӣ, ки метавонад ба афзоиши сармоягузории сектори хусусӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ асос гузорад.

6.Тоҷикистон аз таҷрибаи Миср дар соҳаи сайёҳӣ чӣ манфиат гирифта метавонад? Лутфан натиҷаи оғози парвозҳои чартерӣ байни Миср ва Тоҷикистонро дар соли гузашта арзёбӣ мекардед? Лутфан оид ба нишондодҳои охирин иттилоъ медодед.

6. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷрибаи Ҷумҳурии Арабии Миср дар соҳаи сайёҳӣ бо дарназардошти имкониятҳои хеш дар ин бахш метавонад ҳамкориҳои хуб ба роҳ монад ва манфиат бардорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саёҳат, аз ҷумла саёҳати экологӣ, солимгардонӣ, куҳӣ ва шикор яке аз самтҳое мебошад, ки имрӯз омодаи сармоягузорӣҳастанд ва барои соҳибкорони мисрӣ хело наҷиб ва ҷолиб мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва инфрасохторӣ фароҳам овардааст.

Таъсиси минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ дар онҳо бо суръат идома дорад. Тоҷикистон барои рушди туризми экологӣ, беҳдошт ва истироҳат дар кӯҳсор иқтидори кофӣ дорад. Баъзе қитъаҳои дарёҳо барои рафтинг дар айёми тобистон хеле мусоид мебошанд.

Ҳамзамон бо ин роҳ, воридоти таҷҳизоту маводи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳии навтаъсис дар панҷ соли аввали фаъолияташон дар Тоҷикистон аз пардохти андоз аз фоида озод карда мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки иқдомҳои соҳибкорону сармоягузорони мисриро дар ин арса ва дар ҳамаи дигар самтҳои зикргардида омӯзад ва дар асоси судмандии мутақобила татбиқи онҳоро дастгирӣ намояд.

Мақсад аз чунин ниятҳо, қабл аз ҳама, вусъати тоза бахшидан ба муносибатҳои неки байни кишварҳоямон ба манзури таъмини зиндагии боз ҳам шоистаи мардумони кишварҳоямон мебошад.

Вобаста ба оғози парвозҳои чартерӣ байни Миср ва Тоҷикистон дар соли 2018 бояд қайд намуд, ки тибқи Ёддошти тафоҳуми ширкатҳои сайёҳии ду кишвар дар мавсими истироҳатии шаҳрвандон дар зарфи се моҳ дар 2 ҳафта як маротиба аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” байни шаҳрҳои Душанбе-Қоҳира парвози чартерӣташкил гардидва натиҷаи хуб ба даст оварда шуд. Мақомоти ҳавопаймоии кишвар ният доранд тибқи Нақша дар оянда низ парвозҳои чартериро байни шаҳрҳои Душанбе-Қоҳира ва Душанбе-Шарм-ал-Шейхидома диҳанд.