Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ
24 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гадид.
Дар ҷаласаи мазкур вазъи мусофиркашонӣ тавассути роҳи ҳавоӣ ва таъсири он ба соҳаҳои нақлиёт, буҷет, хизматрасонӣ, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардида, дар натиҷа супоришҳои далхдор дода шуд.