Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 51


Имзои Созишномаи грантӣ

.

Мутобиқи аҳдномаҳои қаблан мувофиқашудаи гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон, 10-уми декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Шартнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) байни Бонки олмонии рушд (KfW), Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикии Помир («Помирэнержи») баргузор гардид.

Шартномаи мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Директори кулли ширкати «Помирэнержи» Далер Ҷумъаев ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс имзо намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки кумаки навбатӣ ба барномаи бахши энергетикӣ «Таҷдиди НБО-и хурд дар дарёи Оқсуи ноҳияи Мурғоб» дар ҳаҷми 5 млн.евро ҷудо карда мешавад.

Дар натиҷаи татбиқи барнома дар назар аст, ки истеҳсоли нерӯи барқ зиёд хоҳад шуд, яъне иқтидори нерӯгоҳ дар давраи зимистон панҷ маротиба ва мавсими тобистон се маротиба афзун мегардад. Ҳамчунин, он имконият медиҳад, ки аҳолии минтақа ба муддати 7 моҳ дар як сол бо нерӯи барқ  мунтазам таъмин карда шаванд. Бо назардошти он ки мавсими гармидиҳӣ дар ноҳия 9 моҳро ташкил медиҳад, чунин нишондод вазъи некӯаҳволии аҳолии маҳаллиро хеле беҳтар менамояд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур ҳамчунин ба ҳифзи муҳити зисти минтақа муосидат хоҳад намуд.