Вохӯрии Вазир бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон
Имрӯз, 28 январи соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазир, муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон ҷаноби Такаюки Мияшита баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон, тавсеаи фаъолияти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), инчунин рушди гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби сармояи соҳибкорону ширкатҳои ҷопонӣ ва таъсиси корхонаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти кишоварзӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба Ҷопон, коркарди пахта то маҳсулоти ниҳоӣ бо истифода аз технологояи ҷопонӣ, тақвияти кори бизнес-инкубаторҳо, муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ва бо ин роҳ ҷалб намудани сайёҳони ҷопонӣ ба кишвар ва ғайраҳо мубодилаи афкор намуданд.
Дар охир тарафҳо омодагии худро барои ба сатҳу сифати нав баровардани муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Ҷопон изҳор намуданд.