Ҷаласаи сеюми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Санаи 24 январи соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Шӯрои миллии суботи молиявӣ (Шӯро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва бо иштироки роҳбарони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҶСК “Тоҷиктрансгаз” баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ, мутобиқи рӯзномаи ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи дуюми Шӯро муҳокима гардида, гузориши масъулин дар самти вазъи низоми бонкӣ, фаъолияти Бонки миллӣ ҷиҳати танзими қурби пули миллӣ ва сатҳи таваррум, фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ва ҳамкории аъзои Шӯро бо коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ барои пешбурди фаъолият дар самти нигоҳ доштани устувории низоми молиявӣ, инчунин оид ба мушкилиҳои ҷойдошта шунида шуданд.

Ҳамзамон, дар рафти ҷаласа аз ҷониби аъзои Шӯро масъалаҳо вобаста ба хавф ва мушкилиҳои мавҷуда дар фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ, бахусус вазъи молиявии ҶСК “Тоҷиктрансгаз” ва нақшаи истифодабарии маблағҳои қарзии корхона, инчунин механизми маблағгузории касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳаматарафа баррасӣ гардида, ҷиҳати ҳалли онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

Бо суръат гирифтани рақобат байни давлатҳо ва номуайянӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон, дар самти пешгӯии хавфҳои иқтисодию молиявӣ ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисодиёти миллӣ, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, бахусус молия ва бонкдорӣ, ки бахшҳои калидӣ дар рушди иқтисодиёт ба шумор мераванд, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар ин замина, қайд карда шуд, ки бо мақсади таҳкими истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунӣ аввалин маротиба содироти молу маҳсулот тамоюли рушд ва воридот бошад тамоюли коҳишёбандаро касб намуд.

Таъкид гардид, ки барои нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодиёти кишвар, бахусус фаъолияти босамари корхонаҳои азими давлатӣ, ки то андозае рушди низоми молиявию бонкӣ аз он вобаста аст, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодӣ бо пулию қарзӣ ва буҷетӣ, инчунин устувор намудани бахши молиявӣ нақши муҳим мебозад.

Дар хотимаи ҷаласа, бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди низоми бонкию молиявӣ аз ҷониби Шӯро вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ва такмили заминаи ҳуқуқӣ оид ба амалӣ гардонидани механизми маблағгузории касри Хазина қарорҳои дахлдор қабул гардида, аъзои Шӯро барои иҷрои саривақтии онҳо, инчунин Гурӯҳи кории техникӣ ҷиҳати ташкили корҳо аз рӯи баргузории ҷаласаҳои минбаъда, мубодилаи саривақтӣ иттилоот ва фаъолияти ҳамоҳангсозона барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда вазифадор карда шуданд.

Бояд қайд кард, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани хавфҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №331 таъсис дода шудааст.

 

https://nbt.tj/tj/news/494181/

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное