Навиди Вазорат



Нишасти мабтуотӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Имрӯз, санаи 30 январи соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729, «Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар оғози нишасти матбуотӣ, ки бо шумораи зиёди намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар сурат гирифт, аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин роҷеъ ба фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2019 гузориши муфассал ба таври рӯнамо пешниҳод карда шуд. Дар нишасти матбуотии мазкур мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ - Ҷуразода Кабирҷон, инчунин муовинони Вазири рушди иқтисод ва савдо, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд.

Сипас, дар рафти нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарият ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар посухҳои мушаххас гардонида шуд.