Вохӯрӣ бо ҳайати Чин
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматҷон Буриев бо Гуруҳи кории Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Марудмии Чин оид ба таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрии Қӯрғонтеппа- Кӯлоб, ки таҳти роҳбарии сардори Шуъбаи Департаменти кӯмаки берунаи вазорати мазкур ҷаноби Шэн Тутсзян ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Дар оғози дидор Н.Буриев аз ҳамкориҳои густурда ва мутақобилан судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд. Тавре дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ҳадафи асосии ташрифи ҳайати мазкур ба Тоҷикитсон доир намудани мулоқот бо намояндагони вазорату идораҳои марбута, вобаста ба татбиқи лоиҳа оид ба таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрии Қӯрғонтеппа - Кӯлоб маҳсуб мегардад.
Мавриди зикр аст, ки намояндагони ҳайати мазкур дар ҷараёни сафарашон, ҳамчунин аз маҳали татбиқи лоиҳа дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб боздид хоҳанд намуд.