Вохӯрии Вазир бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Ян-Петер Олтерс, Олег Петров (мутахассис оид ба рушди рақамикунонӣ), Михаил Бунчук (мутахассис оид ба рушди рақамикунонӣ) ва дигарон баргузор гардид.

Мақсад аз ташрифи ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ин мубодилаи афкор пиромуни татбиқи лоиҳаи Digital CASA, ки барои рушди савдои минтақавӣ ва ҳамгироӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани асосҳои рақамӣ ва гузаронидани баҳодиҳии комплексии шаҳри ҳушманд бо истифода аз таҷрибаи пешқадам равона шудааст, мебошад.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ вобаста ба таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 табодули назар сурат гирифт.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои қайдгардида баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное