Ҷоизаи Бренди Сол 2013
12 декабри соли 2013 дар Меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии Бренди сол 2013 «Қуллаи шараф» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва доираи васеи бахши хусусӣ ширкат намуданд.
Чорабинии мазкурро бо суханони муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода оғоз намуда, афзуд, ки озмуни «Қуллаи шараф» бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Вазорати рушди иқтисод ва савдо муҳимияти дастгирии бахши хусусиро хуб дарк намуда, таҳти сарварии Президент ва Ҳукумати кишвар барои таъмини рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани нақши бахши хусусӣ дар он, муҳайё намудани шароити мусоид барои роҳёбии молу маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилию хориҷӣ, ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.
Мақсади ташкили ин озмун ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди бренд ва ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодаи брендинг мебошад.
Пешбурди бренд имконият медиҳад, ки ширкатҳо фаъолияти тиҷоратии худро боз ҳам равнақ диҳанд ва тавассути рақобатпазир намудани молу маҳсулоти истеҳсолкардаашон дар рушди иқтисоди кишвар ҳиссагузор бошанд, зикр намуд, дар идомаи суханронӣ Ш.Раҳимзода.
Дар маҷмӯъ зиёда аз 50 ширкате, ки ҷиҳати иштирок дар озмун ариза пешниҳод намуданд, 44-тои онҳо сазовори ҷоизаҳои гуногун гардиданд.
Ҳамин тариқ, барои иштироки фаъол 12 нафар соҳиби диплом, 8 нафар бо ҷоизаи биринҷӣ ва 13 нафар ба ҷоизаи нуқрагии озмун мушарраф шуданд.
Инчунин, 10 нафар бо ҷоизаи тиллои «Бренди сол-2013» ва 1 нафар ба ҷоизаи тиллоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ сазовор гардиданд.