Навиди Вазорат



Баҳодиҳии натиҷаҳои татбиқи «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020»

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

20 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо муаррифии татбиқи марҳилаи дуюми «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» баргузор гашт.

Дар чорабинии мазкур аъзои Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, сафоратҳо ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ширкат намуданд.

 

Стратегияи мазкур аз се марҳила иборат буда, марҳилаи якум бештар ба муаррифӣ, фаҳмондадиҳии вазифа ва мақсадҳои Стратегияи мазкур ба доираи васеи ҷомеа, такмил ва рушди конунгузорӣ, марҳилаи дуюм ба таъсиси технопарк ва марказҳои инноватсионӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти ихтироъкорӣ дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва марҳилаи сеюм бошад таҳлили монеаҳо ва баҳодиҳии натиҷаҳои бадастовардашуда равона шудааст.

 

Дар интиҳо, ба аъзои Шӯрои мазкур аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба мақоми иҷроияи Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ – Вазорати рушди иқтисод ва савдо таклифҳои худро оид ба монеаҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта ва роҳи ҳалли онҳо ҷиҳати амалисозии Стратегияи мазкур пешниҳод намоянд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное