Навиди Вазорат



Баргузории Иҷлоси 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ

.

24 феврали 2020 дар Деҳлии Нав Иҷлоси 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ба кори худ оғоз намуд.

 

Дар маросими кушодашавӣ роҳбари ҳайати тоҷикистонӣ, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода ва Муовини вазири савдо ва саноати Ҳиндустон Ануп Вадҳаван суханронӣ намуда, оид ба манфиатдории тарафҳо ҷиҳати пешбурди воқеии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию тиҷоратӣ ибрози умедворӣ карданд.

 

11-умин Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ дар пойтахти Ҳиндустон ду рӯз идома ёфта, бо имзои Протоколи Иҷлос ба поён хоҳад расид.