Мулоқоти Вазир, муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин бо намояндаи доимии Ҷумҳурии Фаронса дар Осиёи Марказӣ, ҷаноби Паскал Лорот ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар
Рӯзи 3-юми марти соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин бо намояндаи доимии Ҷумҳурии Фаронса дар Осиёи Марказӣ вобаста ба масъалаҳои иқтисодӣ ҷаноби Паскал Лорот ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар баргузор гардид.
Ҳангоми мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо аз имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, ёдовар шуданд, ки дастуру супоришҳои додашудаи сарони давлатҳои ҳарду ҷониб дар вақти сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса мавриди пайгирии пайваста қарор доранд.
Аз ҷониби намояндагони Фаронса иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои номбурда ва тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф намояндагони Ассотсиатсияи корхонаҳои Фаронса - MEDEF ва Ассостсиатсияи роҳбаладони кӯҳии Фаронса - French Mountain Guides Association моҳи апрели соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоваранд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ атрофи вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла ҷалби сармояи фаронсавӣ ва зиёд намудани шумораи ширкатҳои дигари он кишвар ҷиҳати фаъолият дар Тоҷикистон, тақвияти иқтидори содиротии кишвар бо таъсис додани маркази логистикӣ, ба роҳ мондани бандубаст, нигоҳдорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар самти бахши хусусӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, идомаи ҳамкорӣ дар самти авиатсияи гражданӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷоннок намудани ҳамкориҳои ширкатҳои сайёҳии фаронсавӣ ва тоҷикистонӣ ва ғайра ибрози назар намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷбарои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд.