Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муҳтарам Вазир, Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия ҷаноби алӣ Рифат Кӯксал баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия, тавсеа ва густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи туркӣ бо зиёд намудани шумораи ширкатҳои дигари он кишвар барои фаъолият дар Тоҷикистон, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ ва таъсис додани маркази логистикӣ, ба роҳ мондани бандубаст, нигоҳдорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди пахта бо истифодаи технологияи муосир, ҳамкорӣ дар самти авиатсияи гражданӣ ва зиёд намудани хатҳои парвоз, рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва ҷоннок намудани ҳамкориҳои ширкатҳои сайёҳии туркӣ ва тоҷикистонӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.