Вазорати саноат ва технологияҳои нав: «Имкониятҳои истеҳсолии корхонаҳои ордбарорӣ талаботи бозори дохилиро пурра таъмин менамоянд»
ДУШАНБЕ, 06.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ 47 корхонаи ордбарорӣ мавҷуд буда, имконияти истеҳсоли 1,9 миллион тонна орди гандумиро дар як сол доро мебошанд ва ин иқтидор нисбат ба талаботи солонаи ҷумҳӯрӣ, ки 800,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад 1,9 маротиба зиёдтар аст. Ин матлабро ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.
Бино ба маълумоти манбаъ, дар корхонаҳои мазкур дар як шабонарўз 1835 тонна орд истеҳсол мегардад. Корхонаҳои коркард бо гандум ва бозори дохилӣ бо орд асосан аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин гардида, қисми дигари он аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия мунтазам дар ҳаҷми зарурӣ ворид гардида истодааст.
Дар ду моҳи соли 2020 аз ҷониби корхонаҳои истеҳсоли орди ватанӣ 110,0 ҳазор тонна орди гандумӣ истеҳсол гардида, дар баробари ин 14,6 ҳазор тонна аз хориҷи мамлакат ворид карда шудааст, ки дар маҷмўъ бо дарназардошти бақияи соли 2019 (47,1 ҳазор тонна) 171,7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин рақам нисбат ба талабот (133,5 ҳазор тонна) 126,7% зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ – феврали соли 2020 ба ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 346,7 тонна орд зиёдтар ворид гардида, дар баробари ин аз хориҷи мамлакат барои истеҳсоли орд 95047,8 тонна гандум ворид шудааст, ки ба истеҳсоли 71285,9 тонна орд мусоидат намуда, талаботи аҳолии мамлакатро бо маҳсулоти хушсифат пурра ва сари вақт таъмин менамояд.
Дар натиҷаи рушди соҳаи саноат сол то сол таъминоти талаботи бозори дохилии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи истеҳсоли ватанӣ таъмин гардида, соли 2019 талаботи лозима дар ҳаҷми 710,1 ҳазор тонна бо орд пурра таъмин карда шуда, 3132,5 тоннаи он ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст.