Навиди Вазорат



Ҷаласаи чоруми Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи минтақавии «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти назди сарҳадӣ»

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба суръатбахшидани корҳо ҷиҳати татбиқи Равзанаи ягонаи амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи чоруми Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи минтақавии «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти назди сарҳадӣ» баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор шуда, дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, ширкатҳои байналмилалии машваратию барномасозии лоиҳа ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа рафти амалишавии Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти иҷрои Харитаи роҳи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи минтақавии «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ», инчунин мушкилоти ҷойдошта дар раванди татбиқи он баррасӣ гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳолати азхудкунии маблағҳои лоиҳа, таъмин намудани вазорату идораҳои ба низом шомилшаванда бо таҷҳизотҳои компютерию барномавӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуда, барои дар муҳлати муқарраршуда таъмин намудани корҳо ба масъулин ва ширкатҳои пудрачии лоиҳа супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар интиҳо қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои дастури минбаъда ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад.