Навиди Вазорат



Иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисоди миллӣ

.

 

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар натиҷаи татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳҳои январ-феврали соли 2020 сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна рушди босуботи иқтисодии кишвар аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ, боркашонӣ, мусофиркашонӣ ва гардиши савдои хориҷӣ таъмин гардид.

Ҷиҳати пешгирии таъсири эҳтимолии омилҳои манфии беруна ба иқтисоди миллӣ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30 ноябри соли 2018, №557 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ» тасдиқ гардида, иҷрои он аз ҷониби гурӯҳи кории доимоамалкунанда мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода мешавад.

Вақтҳои охир пастшавии нархи ҷаҳонии нафт, коҳишёбии қурби асъор ва паҳншавии пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти аксарияти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла шарикони тиҷоратии кишварамон бетаъсир намонд.

Вобаста ба ин Нақшаи чорабиниҳои оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисоди миллӣ иборат аз як қатор тадбирҳои таъхирнопазир таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад. Нақшаи мазкур чорабиниҳоро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, иҷрои босифати буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои он, пардохти пурраи уҳдадориҳои иҷтимоӣ, бо ҷалби сармоягузориҳои давлативу мустақим сохта ба истифода додани коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки замин, зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти асосии ниёзи аввал ва таъмини бозор бо маҳсулоти озуқа пешбинӣ менамояд.

Дар ин раванд масъалаи афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус воридотивазкунанда ва таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, инчунин муътадилии нархҳо зери назорати доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад ва вазорату идораҳои масъул дар ин самт мунтазам чораҷӯӣ карда истодаанд.

Масалан дар моҳҳои январ-феврали соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда (дар вазни зинда) 4357 тонна, тухм 150 млн. дона ва моҳӣ 484 тоннаро ташкил дода, мутаносибан гӯшти паранда 4,4 маротиба, тухм 1,5 маротиба ва моҳӣ 2,9 маротиба афзоиш ёфт. Инчунин истеҳсоли равғани растанӣ 20 фоиз афзоиш ёфта, 4,3 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Ҳамзамон дар ин давра истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо 510,3 тонна, аз он помидор 357,3 тонна, бодиринг 65,9 тонна ва дигар намуди сабзавот 87,1 тоннаро ташкил намуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираву имкониятҳои зиёди истеҳсоли молу маҳсулоти ниёзи аввал буда, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати истифодаи пурраю самараноки онҳо, инчунин таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва кам кардани вобастагӣ аз омилҳои беруна чораҳои амалӣ меандешанд.