Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷашни Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Панҷ иштирок намуд
Рӯзи 22-23 марти соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода З. А. ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ширкат варзид.
Сараввал Вазири рушди иқтисод ва савдо аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, дастовардҳо ва анъанаҳои мардумии ноҳия, ки дар шаҳраки Панҷ баргузор гардид, боздид ба амал оварда, ҷиҳати таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал ва пешгирии болоравии нархҳо, инчунин ҳифз, такомул, эҳё ва ривоҷи анъанаҳои мардуми ноҳияро барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас дар чорабинии фарҳангиву театрикунонидашуда, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳия баргузор гардид, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро муборакбод намуда, оид ба талошҳои пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мақоми байналмилалӣ касб намудани ҷашни Наврӯз ва дар фазои оромию осудагӣ, серию пурӣ ва ваҳдати миллӣ пешвоз гирифтани он, инчунин аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бунёди иншооти соҳаи иҷтимоӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти муҳими стратегӣ ва ривоҷи ҳунарҳои милливу мардумӣ дар ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар ноҳияи Панҷ ёдовар шуданд.
Ҳамзамон дар доираи сафари номбурда муҳтарам Вазир дар маросими ифтитоҳи маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ҷамоати деҳоти Сайфуддинов Кабут (аз ду ошёна ибоарт буда, дар он маркази савдо, коргоҳи нонбарорӣ, дорухона ва сехи дузандагӣ пешбинӣ шудааст) ва ба истифода додани майдончаи варзишӣ дар ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Панҷ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, иштирок намуд.
Инчунин бо роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони ҷамоатҳо, ташкилотҳо, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон мулоқот анҷом дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии Нақшаи чорабиниҳои мазкур, вусъат додани корҳои ободонӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои мушаххас доданд.