Навиди Вазорат



Шарҳ вобаста ба нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи коронавируси ҷаҳон ба иқтисоди миллӣ

.

Вақтҳои охир аз ҷониби баъзе таҳлилгарон дар воситаҳои ахбори омма вобаста ба нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи коронавируси ҷаҳон ба иқтисоди миллӣ, бахусус дар самтҳои дастгирии соҳибкорон ва қишри осебпазири ҷомеа маълумоти носаҳеҳ пешниҳод шуда истодааст.

Дар ин росто бояд хотиррасон намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали сар задани пандемияи коронавирус дар ҷаҳон вобаста ба пешгирии воридшавии ин вирус ба кишвар, таъмини бехатарии аҳолӣ ва кам кардани таъсири эҳтимолии иҷтимоию иқтисодии он мунтазам тадбирҳои фаврии судманд андешида истодааст.

Махсусан ҷиҳати мунтазам баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба пешгирии воридшавии пандемияи коронавирус, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар ин самт тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст. Дар баробари ин дар ҳамаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ низ ситодҳои махсус вобаста ба тақвияти корҳои пешгирикунанда таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодаанд.

Инчунин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисоди миллӣ иборат аз як қатор тадбирҳои зарурӣ сари вақт қабул гардида, мавриди амал қарор дорад. Дар Нақшаи чорабиниҳои номбурда диққати махсус ба таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, шакар, тухм, сабзавотҳо, зиёд намудани истеҳсолу захираи онҳо ва пешгирии болоравии нархҳо, таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, пешбинӣ намудани сабукиҳои андозӣ ба соҳибкорони хурду миёна, мавқуф гузоштани санҷишҳои ғайриандозӣ ва ҷалби кумакҳои молиявӣ аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дода шудааст.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор оид ба пешниҳоди сабукиҳои андозӣ ва таътили андозӣ ба соҳибкорони хурду миёнаи осебпазир таҳия гардида истодааст. Инчунин санҷишҳои ғайриандозии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба маротиб кам карда мешаванд.

Дар баробари ин 22 марти соли ҷорӣ нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.

Вазъи иқтисодии кишвар бо назардошти таъсири эҳтимолии омилҳои беруна пайваста бо сенарияҳои гуногун баҳодиҳӣ карда шуда, ҷиҳати кам кардани таъсири омилҳои манфӣ ва таъмини рушди устувори макроиқтисодӣ чораҳои дахлдор андешида мешаванд, вале бо назардошти хусусияти хизматӣ доштани онҳо дар воситаҳои ахбори омма нашр намегарданд.

Айни замон новобаста аз он ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус рафту омади шаҳрвандон байни давлатҳо, аз ҷумла байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мувақатан қатъ шудааст, аммо тибқи созишномаҳои дуҷониба байни давлатҳо гардиши молу маҳсулот, бахусус маҳсулоти озуқаворӣ бемамоният сурат гирифта истодааст.

Ҳамзамон 23 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд, равған ва таҳвилкунандагони маҳсулоти ғаллагӣ машварати корӣ доир намуда, ба масъулин супориш доданд, ки масъалаи истеҳсол ва захираи ордро зери назорати доимӣ қарор дода, истеҳсолу захираи маҳсулоти хӯрокаро зиёд ва бозори истеъмолии ватаниро бо маҳсулот таъмин намоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи кунунӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд оид ба ҷалби ҳарчи бештари маблағҳои грантӣ пайваста гуфтушунид намуда истодааст ва маблағҳои ҷалбгардида барои дастгирии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, соҳибкорони ватанӣ ва таъмини саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат равона мегарданд.

Ҳукумати кишвар минбаъд низ барои дастгирии бахши хусусӣ, таъмини рақобатпазирии онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода мебарад.