Боздид аз табиати зинда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Дӯсти Азиз" дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз гӯшаи табиати зинда боздид ба амал оварданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат аз парвариши навъҳои гуногуни паранда аз ҷумла, шутурмурғи африқоӣ аз наздик шинос шуданд.
Гӯшаи табиати зинда олами воқеии парандагонро бозгӯ намуда, дар он намудҳои гуногуни оилаи парандаҳо парвариш меёбанд.
Ин макон аз тарафи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Юсуф Алимов бунёд гардидааст.
Масоҳати умумии гӯшаи табиати зинда наздики 1 гектарро дар бар гирифта дар ҳудуди он наздики 20 намуди паранда парвариш карда мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои парвариши шутурмурғ дар шароити Тоҷикистон ҳашт сол қабл аз хориҷи мамлакат се сар ворид карда шуд.
Имрӯз ин шумора ба 50 сар расидааст ва ин таҷриба натиҷаи дилхоҳ арзёбӣ мегардад.
Дар табиати зинда шутурмурғҳои аз 5 моҳа то 8 сола парвариш меёбанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи Юсуф Алимовро дар самти парвариши навъҳои гуногуни паранда, аз ҷумла, шутурмурғ намунаи ибрат дониста, ба масъулон ҷиҳати афзун намудани саршумори он дастуру супоришҳо доданд.
Гуфта шуд, ки гӯшти шутурмурғ парҳезӣ буда, тухми он аз 1 то 2 киллою 200 грамм вазн дорад.
Хӯроки шутурмурғ асосан беда, баргу поя ва дони ҷуворимакка, гандум ва дигар навъи зироати ғалладона мебошад.
Вазни умумии аксари шутурмурғҳо то 150 киллоро ташкид дода аз он то 80 килло гӯшти парҳезӣ гирифтан мумкин аст.
Пешвои миллат ба шахсони мутасаддӣ дастур доданд, ки таҷрибаи Юсуф Алимовро омӯхта ҷиҳати ба роҳ мондани парвариши шутурмурғ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва афзун намудани саршумори он тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар гӯшаи табиати зинда ҳамчунин товус, тазарви сирдарё ва тиллоӣ, мурғи қу, кабутари синасафед, се навъи саъба, лочини туркистонӣ, тӯтӣ ва дигар намуди парандаҳои нодир дар шароити мувофиқ парвариш меёбанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси гӯшаи табиати зинда дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ин гуна марказҳои табиатшиносӣ масъулонро вазифадор намуданд.
Инчунин дастур дода шуд, ки дар доираи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", хатсайри нави сайёҳӣ таъсис дода шавад, то сокинону сайёҳон аз он дидан намоянд. Гӯшаи табиати зинда дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавзеи зебою назаррабо буда, қалби ҳар бинандаро тасхис менамояд.
Мавзеи навбунёди табиати зинда бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкану ҳосилдеҳ оро дода шудааст.