Мулоқот бо намояндагони Конфедератсия «TUSKON»
14 январи соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Муовини Вазир, Умед Давлатзод бо гуруҳи соҳибкорони аъзои Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия «TUSKON», ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот У.Давлатзод иштироки фаъоли ширкатҳои туркиро дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ самараи нек арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, дар рафти мулоқот гуруҳи соҳибкорони аъзои Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия «TUSKON» атрофи рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, нақлиёт ва коммуникатсия, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, сайёҳӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар кишвар ва ҷалби сармоя ба ин соҳаҳо, мубодилаи таҷрибаи мутахассисон дар соҳаҳои афзалиятнок ва ғайра омодагии хешро изҳор доштанд.
Қобили тазаккур аст, ки гуруҳи соҳибкорони аъзои Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия «TUSKON» дар доираи сафарашон ба Тоҷикистон аз фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, мин ҷумла, МОИ «Данғара» дидан хоҳанд намуд.