Навиди Вазорат



Ба истифода додани Кӯдакистони хусуии «Уқобча» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

.

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Уқобча» - ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи мазкур, ки аз 2 ошёна ва маҷмуи иншооти ёрирасон иборат мебошад, аз тарафи соҳибкорзани ватандӯст Замира Каримова бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Ин соҳибкорзан бо бунёди чунин кӯдакистони зебову замонавӣ, ки дорои тамоми шароити таълиму тарбия мебошад, орзуи деринаи хешро, ки саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ буд, амалӣ кард.

Корҳои таҷдиду навсозии муассиса соли 2019 оғоз гардида буд ва он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз» бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид.

Иншооти соҳаи маориф барои 120 кӯдак пешбинӣ гардида, таълиму тарбия дар он бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад. Баҳри дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани кӯдакон омӯзгорони ботаҷриба ба кор ҷалб шудаанд. Бо ба фаъолият шуруъ намудани кӯдакистони «Уқобча» 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

4 айвончае, ки дар саҳни ҳавлии боғча бо риояи унсурҳои миллӣ ба таври зебову замонавӣ сохта шудаанд, барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакони ин боргоҳи таълиму тарбия бисёр мувофиқ мебошад.

Дар ин рӯз хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт, чунки онҳо шахсан аз дасти Пешвои маорифпарвари худ туҳфаҳои идона гирифтанд.

Ҳангоми шиносоӣ аз шароити мавҷуда дар боғчаи кӯдакон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро шоистаи таҳсин хонданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи томактабӣ шумораи боғчаҳои кӯдакона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 36 адад расид.

Аҳли кормандони соҳаи маорифи ноҳияи мазкур Кӯдакистони хусусии «Уқобча» - ро, ки дар доираи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо мақсади ҳарчи бештар ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон таъмиру навсозӣ шудааст, таҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз» арзёбӣ намуданд.

http://www.president.tj/ru/node/22700