Боздид аз хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд»-и деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
Дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд» бо нашъунамои картошкаи барвақтӣ шинос шуданд.
Тавре маълумот доданд, дар хоҷагии мазкур 6 феврали соли равон дар майдони 1 гектар картошкаи барвақтӣ кишт карда шуда, бо иҷрои корҳои агротехникӣ имрӯз нашъунамои хуб дорад. Интизор меравад, ки аз як гектар то 300 сентнер ҳосил рӯёнида шавад, зеро дар ин майдон картошкаи аълосифати «Аладин», ки дар гузашта таҷриба шудааст, кишт гардида, дар нимаи дуюми моҳи апрел пухта ба ҳосил медарояд.
Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд»-и деҳоти Ғозиён дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оқилона истифода намудани замин тасмим гирфитанд, ки баъди ҷамъоварии ҳосили якум дар ин замин кишти сабзиро ба роҳ монда, дар умум аз як қитъа замин то 4 ҳосил ба даст оранд, ки ин тасмим барои фаровонҳосилии маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуда, дар баробари ин, шароити зиндагии аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонӣ беҳтар мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзӣ таъкид намуданд, ки картошка ҳамчун маҳсулоти ғизоӣ дар сабади истеъмолӣ мақоми махсусро ишғол мекунад. Бо назардошти эҳтиёҷи истеъмоливу содироти ин навъи маҳсулот дар натиҷаи тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони кишт ва ҳосилнокии картошка дар қаламрави кишвар зиёд гардонида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки минбаъд дар минтақаҳои картошкапарварии вилояти Суғд ба рушди соҳаи картошкапарварӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона гардида, аз ҳисоби заминҳои дубора ба кишт воридшаванда майдони кишти картошка боз ҳам бештар карда шавад. Таъкид гардид, ки бо истифода аз тухмиҳои навъи серҳосил ва иҷрои саривақтии корҳои агротехникӣ ҳосилнокиро зиёд намоянд.
Бино ба маълумоти мутахассисони соҳа соли 2020 тибқи дурнамо дар вилояти Суғд дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳудуди 22 ҳазору 600 гектар картошка кишт карда мешавад, ки дар қиёс ба соли 2019 150 гектар зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки давоми 5 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар баробари бештар гардидани майдони кишти картошка, ҳосилнокӣ ва ҳаҷми истеҳсолот зиёд шудааст. Агар дар соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли картошка 325 ҳазору 268 тоннаро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2019 ба 450 ҳазору 240 тонна баробар гардид. Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ давоми 5 соли охир майдони кишти картошка аз 11 ҳазору 943 гектар ба 22 ҳазору 448 гектар расонида шуд, ки ин тасмим барои расидан ба яке аз ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад.